Октябр 06, 2019 16:43 Asia/Dushanbe
  • Душанбе мизбони ҳамоиши баррасии вазъи забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ

Ҳамзамон бо 5-уми октябр - Рӯзи забони тоҷикӣ, ҳамоиши байналмилалии баррасии вазъи забони тоҷикӣ дар манотиқи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ва Русия дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба нақл аз Ховар, дар ҳамоиш, ки дар китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, устодоне аз донишгоҳҳои Афғонистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон мақолоти худро дар бораи вазъи феълии забони тоҷикӣ ва дурнамои он дар ояндаи ин кишварҳо ироа карданд.

Дар ин ҳамоиш Амина Шарофиддинова, устоди Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Самарқанди Узбакистон, Муҳибуллоҳ Маликзода аз Афғонистон, Хуршед Саидумаров аз Русия, Азим Байзоев аз Тоҷикстон ва шуморе дигар аз соҳибазарон, вазъи забони тоҷикӣ дар манотиқи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ва Русияро баррасӣ карданд.

Дар Тоҷикистогн ҳамасола 5-уми октябр ба унвони Рӯзи забони тоҷикӣ гиромӣ дошта мешавад.

 

Барчасп