Октябр 07, 2019 14:32 Asia/Dushanbe
  • Садҳо зану кӯдаки тоҷикистонӣ аз Сурия боз мегарданд

Тоҷикистон эълом кард, омодаи бозгардондани занону кӯдакони боқимонда дар урдугоҳҳои паноҳндагон аз Сурия аст.

Ба гузориши хабаргузории Фарғона, Зубайдуллоҳ Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Ироқ, ки ҳамакнун дар Димишқ аст, гуфт, ба тозагӣ бо намояндагони давлати Сурия ва мухолифони мусаллаҳ дидор ва бо онҳо дар бораи мавзӯоти марбут ба бозгашти ҳамватанони худ баҳсу гуфтугӯ кардааст.

Ин дипломати тоҷик агарчӣ таърихи мушаххасеро таъйин накард, аммо гуфт, ки иҷрои тарҳи бозгашти атбои тоҷикистонии ҳозир дар Сурия дар моҳҳои оянда оғоз хоҳад шуд.

Бар асоси бароварди тақрибии мақомоти Тоҷикистон, ҳаддиақал 575 зану кӯдаки тоҷикистонии барҷоймонда аз нерӯҳои пайваста ба ДИИШ дар урдугоҳҳои паноҳндагони Сурия, ба вижа дар урдугоҳи устони Ҳасака зиндагӣ мекунанд.

Ин занону кӯдакон, ки дар замони озодсозии сарзаминҳои таҳти ишғоли ДИИШ ба урдугоҳҳои паноҳандагони Сурия паноҳанда шуда буданд, барои бозгашт ба ватан аз мақомоти Тоҷикистон кумак хостаанд.

Дар солҳои ахир ҳудуди ҳазору 900 шаҳрванди тоҷикистонӣ барои пайвастан ба шибҳнизомиён дар Сурия ва Ироқ, ватани худро тарк карданд. Бисёре хонаводаҳои худро низ ба онҷо бурданд ва пас аз маргашон садҳо зану кӯдак дар ин кишварҳо боқӣ мондаанд.

Дар Ироқ мумкин аст ҳамсарони шибҳинизомиён таҳти пайгарди қонунӣ қарор бигиранд, аммо дар Сурия чунин шароите нест, агарчӣ бозгашти онҳо ба ватани худ ба далели мушкилоти марбут ба асноди шиносоӣ мумкин аст душвор бошад.