Октябр 07, 2019 16:47 Asia/Dushanbe
  • Парвандаи ҷиноӣ алайҳи декани Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи як масъули донишгоҳи иқтисоди ин кишвар парвандаи ҷиноӣ гушудааст.

Шералиев Эмомалӣ Нуралиевич, мудири бахши иқтисод ва тиҷорати Донишгоҳи иқтисод ва молиёти Тоҷикистон мустақар дар шаҳри Душанбе ба дарёфти ришва аз як довталаби вуруд ба ин донишгоҳ муттаҳам шудааст.

Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон муддаӣ аст, Шералиев 19000 сомонӣ ва 600 доллар ришва дарёфт кардааст.

Анвои фасоди молӣ, бавижа ришвахорӣ дар сохторҳои зермаҷмӯаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон роиҷ ва то ҳадде зиёд аст.

Ожонс таъкид намуд, ки аз рӯи ҳолати мазкур нисбати Шералиев Эмомалӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и  Кодекси ҷиноӣ, барои қаллобӣ парванда оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.