Октябр 07, 2019 17:14 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Тоҷикистон: Амнияти Осиёи Миёна бастагӣ ба авзои Афғонистон дорад

Эмомалӣ Раҳмон тасреҳ кард, аз нахустин рӯзҳои истиқлоли Тоҷикистон талоши мо бар ин буда, ки буҳрони Афғонистон аз тариқи мусоламатомез ҳаллу фасл шавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо як шабакаи телевизионӣ пиромуни дӯрнумои авзоъ дар Осиёи Миёна тасреҳ кард, аз нахустин рӯзҳои истиқлоли Тоҷикистон талоши мо бар ин буда, ки буҳрони Афғонистон аз тариқи мусоламатомез ҳаллу ва фасл шавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар айни ҳол гуфт, яке аз мушкилоти аслии Афғонистон дахолати бегонагон дар ин кишвар аст ва ман мӯътақидам мардуми Афғонистон бояд худ, сарнавишташонро ба даст гиранд ва ояндаи худро рақам бизанад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар поёни мусоҳиба ёдовар шуд, ки Тоҷикистон аз ҳеҷ навъ кумак барои мардуми Афғонистон дареғ намекунад.