Ифшои шиканҷаи ду зани тоҷик ба дасти пулис
(last modified Wed, 09 Oct 2019 09:57:02 GMT )
Октябр 09, 2019 14:57 Asia/Dushanbe
  • Ифшои шиканҷаи ду зани тоҷик ба дасти пулис

Мавориди ҷадиде аз шиканҷаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба дасти мақомоти пулис ифшо шудааст.

Ду зани тоҷик бо номҳои Марям Содиқова ва Мастона Зайниддинова, ки ҳар ду арӯсони як хонавода ҳастанд, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфтаанд, ки чанд мақоми пулиси шаҳри Душанбе дар моҳи декабри соли 2017 онҳоро шиканҷа кардаанд.

Ин занони тоҷик омилони ин шиканҷаҳоро Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Икромиддин Аҳлиддинов ва Умед Ваҳҳобов муаррифӣ карда гуфтаанд, ки онҳо ба хотири дуздии шавҳари яке аз ин занон аз як муассисаи молӣ шиканҷа шудаанд.

Ҳамакнун ин маъмурони пулис дар боздошт ба сар мебаранд ва алайҳи онҳо 17 мавриди шикоят ворид шудааст.