Мизони содироти Тоҷикистон ба даромадҳои ирсолии коргарони муҳоҷир наздик шуд
Шохиси даромади содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар бо даромади ирсолии коргарони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон ба ҳам наздик шуд.
Ба нақл аз сомонаи Бонки марказии Русия, таи ҳашт моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷ маблағи 700 миллиону 200 ҳазор доллар маҳсулот содир шудааст, ки мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз Русия дар шаш моҳи нахусти имсол ба 649 миллион доллар расид, ки бо эҳтисоби ду моҳи нахусти имсол ба 649 миллион доллар расид, ки бо эҳтисоби ду моҳи ахир ба шохиси содирот наздик шуд.
Гуфта мешавад, ки асоси ақломи содиротии Тоҷикистон ба хориҷ таи ин муддат пахта, алиминиюм, филизҳои гаронбаҳо ба шакли хом ва хушкбор будааст, аммо мизони воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон таи ҳашт моҳи соли равон ҳудуд ба 2 миллиарду 800 миллион доллар эълом шуд, ки се баробар бештар аз содирот аст.
Ин дар ҳолест, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи гузашта ба 2 миллиарду 900 миллион доллар расидааст ва то охири имсол аз 3 миллиарду 100 миллион доллар бештар хоҳад шуд.