Октябр 12, 2019 10:07 Asia/Dushanbe
  • Иллати афзоиши қимати барқ дар Тоҷикистон аз дидгоҳи коршиноси рус

Коршиноси умури энержии Русия муътақид аст, ки афзоиши нархи барқи масрафӣ дар Тоҷикистон ба тааҳудоти ин кишвар дар баробари ниҳодҳои молии қарздиҳанда иртибот дорад, ки шарти вогузории ин кумакҳоро афзоиши пилликонии ҳамасолаи нархи барқи масрафӣ унвон мекунанд.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Олег Богданов бо ишора ба афзоиши 17 дарсадии нархи ҳар киловат соат барқ дар Тоҷикистон аз аввали сентябри имсол гуфт, ин иқдом натиҷаи ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳодҳои молии байналмиллалӣ аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ аст, ки қарзҳоеро бо ҳадафи беҳбуди хадамоти нигаҳдории хутут ва интиқоли барқ ба мардум ба ҳукумати Тоҷикистон пардохт мекунад.

Вай таъкид кард, агар воқеан ҳам афзоиши ҳамасолаи нархи барқ дар Тоҷикистон мутаносиб бо мизони таваррум дар он кишвар бошад, мушкиле нест. Ҳамчунин дар Тоҷикистон шоҳиди афзоиши тақозо барои масрафи барқ ҳастем, ки муҳим зарурати бознигарӣ дар нархи ин навъи энержиро матраҳ мекунад. Бар асоси тасмими ҳукумати Тоҷикистон аз аввали моҳи сентябри имсол нархи ҳар киловат соат барқ дар ин кишвар 17 дарсад афзоиш ёфт.

Ҳамакнун ҳар киловат барқи хонагӣ 22/66 дирам аст, ин рақам барои бахшҳои умронӣ ва варзишӣ ба 19/22 дирам буд.

Ҳамчунин ҳар киловат барқи масрафӣ барои коргоҳҳои тавлидии саноатӣ 55/14 дирам, барои пойгоҳҳои обкашӣ ва марказҳои таъмирии Созмони обёрии вобаста ба давлати Тоҷикистон аввали апрел то охири сентябр 7/87 дирам ва аз аввали октябр то охири март 22/66 дирам афзоиш ёфт.

Корхонаи алминиюми Тоҷикистон ҳам ҳар киловат барқи масрафиро аз аввали моҳи май то охири сентябр 7/20 дирам хоҳад харид ва дар зимистон ҳазинаи масрафи ҳар киловат барқ барои ин корхона 11/80 даҳум дирам хоҳад буд.