Октябр 13, 2019 09:52 Asia/Dushanbe
  • Пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи АвруОсиё; шарти авфи коргарони муҳоҷири тоҷик

Коршиноси умури ҳуқуқии коргарони муҳоҷир дар Русия муътақид аст; шарти авфи коргарони муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё.

Ба нақл аз Спутник, Димитрий Михайлов бо ишора ба дархости генерал Рамазон Раҳимзода вазири умури дохилаи Тоҷикистон аз мақомоти Русия барои авфи коргарони муҳоҷири ихроҷии ин кишвар гуфт; ин мавзуъ ба узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бастагӣ хоҳад дошт.

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар сафари ахираш ба Маскав аз мақомоти давлати Русия дархост карда буд,ки мавзуи авфи коргарони муҳоҷири тоҷикистонии ихроҷӣ аз қаламрави Русияро баррасӣ кунанд.

Димитрий Михайлов коршиноси умури ҳуқуқии коргарони муҳоҷир дар Русия мегуяд, мҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Русия аз имтиёзҳои вижае бархурдоранд,ки атбоъи дигар кишварҳо шомили ин тасҳилот намешаванд.

Вай афзуд, атбоъи тоҷикистонии ҷуёи кор дар Русия 14 рӯз пас аз вурудашон метавонанд бе сабти ном дар ин кишвар ҳузур дошта бошанд,ки ин муддат барои атбоъи дигар кишварҳо 7 рӯз аст.

Дар соли 2017 ҳукумати Тоҷикистон авфи 370 ҳазор нафар аз коргарони муҳоҷири ихроҷии ин кишварро аз  Русия дархост карда буд,ки дар паи он мақомоти рус дар баҳори 2018 ҳукми мамнуъияти вуруди 106 ҳазор шаҳрванди тоҷикистониро лағв карданд.

Мақомоти вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон теъдоди коргарони мамнуъалвуруди ин кишвар ба Русияро беш аз 250 ҳазор нафар эълом карданд.

Ҳамакнун беш аз як миллиону 200 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия бо муҷавизи расмии фаъолият мекунанд ва ҳама сола беш аз 500 ҳазор нафар аз шаҳрвандони тоҷик дар баҳор барои кори мавсимӣ ба Русия мераванд ва бо сард шудани ҳаво ба Тоҷикистон бармегарданд.