Октябр 15, 2019 10:30 Asia/Dushanbe
  • Эъломи муноқиса барои сохти роҳи Обигарм – Нуробод дар Тоҷикистон

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои сохти роҳи ҷадид миёни шаҳраки Обигарм то маркази ноҳияи Нуробод дар шарқи ин кишвар, муноқиса эълом кардааст.

Ба гузориши сомонаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ин масири ҷадид аз маҳалли сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун оғоз мешавад ва то маркази ноҳияи Нуробод идома меёбад.

Муддати иҷроӣ кардани ин тарҳ 40 моҳ таъйин шудааст, ки шомили сохти 5 пули иртиботии ҷадид, ду туннел дар баданаи кӯҳистон ба тӯли 3 километру 300 метр ва тармими як пули қадимӣ мешавад. Ширкатҳои мутақозии ҳузур дар ин муноқиса бояд ба мизони 75 миллиондоллар манобеи молиро дар муъомилоти хеш тайи се соли ахир дошта бошанд. Ҳамчунин шарти дигари мушорикат дар ин муноқиса, ироаи фаъолият дар ду тарҳ тайи панҷ соли ахир унвон мешавад, ки ба марҳалаи иҷро расида бошад.

Роҳи ҷадид миён шаҳраки Обигарм аз маҳали сохти неругоҳи барқи обии Роғун то маркази ноҳияи Нуробод шомили манотиқе мешавад, ки бар асари зери оби сади 335 метрии ин неругоҳ рафтани масирҳои қадимӣ дар иртифооти кӯҳистонӣ эҳдос мегардад. Бо сохти неругоҳи барқи обии Роғун теъдоде аз рустоҳо ва роҳҳои иртиботӣ дар ноҳияи Нуробод дар шарқи Тоҷикистон зериоби меравад ва бояд сокинони ин манотиқ ба маконҳои дигар кӯч дода ва ҳаракати васоили нақлия ва мусофирон аз масирҳои ҷадид анҷом шавад.

 

Барчасп