Таъкиди раисиҷумҳури Тоҷикистон бар омодабоши доимии неруҳои мусаллаҳи ин кишвар
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо тавваҷуҳ ба хатарҳои фазояндаи эҳтимолӣ ба амнияти ин кишвар аз хориҷ, ба омодабоши доимии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таъкид кард.
Ба гузориши Ховар, раисиҷумҳури Тоҷикистон дирӯз (панҷшанбе) дар дидор бо аъзои бахши пушитбонӣ ва луҷистикии неруҳои марзбонии Тоҷикистон аз онон хост, дар ростои таъмини нерӯҳои вобаста ба онҳо бо маводи мавриди эҳтиёҷашон аз тамомии имконот истифода кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор ҳамчунин аз бархе навоқис ва костиҳо дар сохторҳои низомии Тоҷикистон, бавижа беҳуда масраф шудани буҷа, саҳлангорӣ дар нигаҳдории муносиб аз муҳимот ва адавот ва суиистифодаҳои молии мақомоти низомӣ интиқод ва ҳаллу фасли ин мушкилотро хостор шуд.
Даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ислоҳи вазъияти нерӯҳои мусаллаҳ ва омодабоши доимии онҳо дар ҳоле аст, ки ду рӯз пеш Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон нисбат ба эҳтимоли нуфӯзи гурӯҳҳои террористии фаъол дар Афғонистон ба қаламрави ин кишвар ҳушдор дода буд.