Октябр 19, 2019 18:52 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Ҳинд ва Тоҷикистон бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва сафири Ҳинд дар дидоре дар Душанбе бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Вираҷ Сингҳ, сафири Ҳинд дар ин дидор масоили марбут ба тавсеаву тақвияти равобит, аз ҷумла иртибототи байнипарлумонӣ миёни ду кишварро баррасӣ карданд.

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар ин мулоқот пешниҳод кард, ки бо истифода аз манобеи мавҷуд, иқдомоте дар заминаи тақвияти равобити дуҷониба дар заминаҳои энержӣ, омӯзиш ва парвариш, беҳдошт, фанновариҳои иттилоотӣ ва гардишгарӣ анҷом шавад.

Ду тараф дар ин дидор барои эҷоди гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва ҳамкорӣ миёни маҷолиси Ҳинд ва Тоҷикистон ибрози алоқамандӣ карданд.

Ҳинд дар солҳои ахир таваҷҷуҳи вижае ба Осиёи Марказӣ дошта ва Деҳлии Нав ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии худро бо кишварҳои ин ҳавза афзоиш додааст.

 

Барчасп