Устоди донишгоҳи Тоҷикистон ; ҳеҷ нерӯе наметавонад моро аз Эрон ҷудо кунад
(last modified Mon, 21 Oct 2019 05:23:44 GMT )
Октябр 21, 2019 10:23 Asia/Dushanbe
  • Устоди донишгоҳи Тоҷикистон ; ҳеҷ нерӯе наметавонад моро аз Эрон ҷудо кунад

Устоди рӯзноманигори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон муътақид аст,ки ҳеҷ нерӯе наметавонад миёни Эрон ва Тоҷикистон ҷудоӣ андозад.

Ба нақл аз Спутник, Иброҳим Усмонов мушовири собиқи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва устоди рӯзноманигори Донишгоҳи давлатии ин кишвар бо истиқбол аз беҳбуди дубораи робитаҳои Эрон ва Тоҷикистон гуфтааст,ки дар ҳазор соли ахир талошҳои зиёде шудааст,ки миёни эрониён ва тоҷикон ҷудоӣ андозад, аммо ҳеҷ як аз ин талошҳо мувафақ набудааст.

Ин устоди Донишгоҳ афзуд; беҳбуди робитаҳо миёни Эрон ва Тоҷикистон ба суди мардумони ду кишвар аст,ки дорои забони воҳид, дин ва фарҳанги муштарак ҳастанд.

Усмонов ёдовар шуд,ки ҷумҳурии исломии Эрон пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар рушди иҷтимоии ин кишвар саҳми арзишманде дошта ва нақши Эрон дар поён додан ба ҷанги дохилии Тоҷикистон дар даҳаи 1990 низ ғайри қобили инкор аст.

Вай афзуд ; дар ҳазор соли ахир қудратҳои истиъморӣ ва бархе аносири дохилӣ сай карданд забон ва адаби форсиро тазъиф кунанд, аммо забони форсӣ ба унвони забони муштараки мардумони Эрон, Осиёи марказӣ ва Афғонистон ҷойгоҳи хешро ҳифз кард ва имрӯз низ пайванд диҳандаи фарҳанги мардумони ин минтақа аст.