Пирӯзии тими миллии футзали Тоҷикистон дар баробари Непал
Тими миллии футзали Тоҷикистон дар бозии аввали худ дар баробари тими миллии Непал ба пирӯзӣ расид.
Дар мусобиқаи интихобии Ҷоми футзали миллатҳои Осиё, ки дар шаҳри Урумияи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳоли баргузорӣ аст, тими Тоҷикистон дар аввалин бозии худ бо натиҷаи 6 бар сифр дар баробари тими Непал пирӯз шуд.
Дар ин гурӯҳ тимҳои Узбакистон ва Афғонистон низ ҳузур доранд, ки дар маҷмуъ ду тим ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё, ки дар Туркманистон баргузор хоҳад шуд, роҳ пайдо мекунанд.
Бозии баъдии тими миллии футзали Тоҷикистон фардо дар баробари тими миллии футзали Афғонистон соати 13 ба вақти Эрон баргузор хоҳад шуд.
Рақобатҳои интихобии Ҷоми миллатҳои футзали Осиё 2020 дар се минтақаи шарқ, ғарб, ҷануб ва маркази Осиё баргузор мешавад.
