Октябр 24, 2019 09:56 Asia/Dushanbe
  • Баррасии тарҳи қонуни нави авфи умумӣ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи қонуни нави авфи умумиро, ки аз сӯи раиси ҷумҳури ин кишвар ирсол шуд баррасӣ кард.

Ба нақл аз Дафтар матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар ин нишаст, ки ба раёсати Шукурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагони ин кишвар баргузор шуд роҷеъ ба тарҳи қонуни нави авфи умумӣ, ки аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон ирсол шуд баҳсу табодули назар шуд.

Намояндагони маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон дидгоҳи худро дар бораи ин тарҳ баён карданд.

Дар сурати тасвиби ин қонун дар Маҷлиси намояндагон, 7 ҳазор зиндонӣ озод ва ҳудуди 20 ҳазор зиндонӣ низ ба муҷозоташон тахфиф дода мешавад.

Ҳамакнун дар зиндонҳои Тоҷикистон наздик ба 11 ҳазор зиндонӣ давраи маҳкумияти худро мегузаронанд.

Охирин бор дар Тоҷикистон дар соли 2016 теъдоде аз зиндоён авф шуданд.

Бар асоси тарҳи ироа шуда аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, занон, ашхоси ноболиғ ва мардони бо синни 55 сол ба боло бидуни дар назар гирифтани даврони маҳкумияти худ аз зиндон озод хоҳанд шуд. Ҳамчунин зиндониёне, ки бемориҳои хос ва маълулон бар асоси ташхиси Камиссиони вижаи пизишкӣ авф ва маҳкум шудагоне, ки як севвуми давраи зиндони худро гузарондаанд аз тахфиф дар муҷозот бархурдор хоҳанд шуд.

Аммо дар тарҳи қонуни нави авфи умумӣ дар Тоҷикистон дар бораи эҳтимоли озодӣ ва ё тахфифи муҷозоти зиндониёни сиёсӣ ишорае нашудааст.

Дар тарҳи қонуни нави авфи умумӣ таъкид шудааст, ки ин барнома ба муносибати бисту панҷумин солгарди тасвиби нахустин қонуни асосии ин кишвар иҷроӣ хоҳад шуд.

 

 

Барчасп