Мубориза бо терроризм – меҳвари дидори сафири Тоҷикистон бо вазири умури дохилии Покистон
Октябр 25, 2019 20:09 Asia/Dushanbe
Сафири Тоҷикистон дар Исломобод ва вазири умури дохилии Покистон бо якдигар дидор ва масоили марбут ба ҳамкории ду кишвар дар заминаи мубориза бо терроризмро баррасӣ карданд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Исматуллоҳ Насриддин, сафири Тоҷикистон дар Исломобод ва Эъҷоз Аҳмадшоҳ, вазири умури дохилии Покистон дидору гуфтугӯ карданд. Дар ҷараёни ин мулоқот масоили марбут ба тақвияту густариши равобити дуҷониба дар заминаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ баррасӣ шуд. Сафири тоҷик ва вазири кишвари Покистон ҳамчунин масоили марбут ба кумак ба таъмини сулҳу субот дар минтақа ва соири мавзӯоти мавриди алоқаи ду тарафро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Барчасп