Октябр 25, 2019 20:42 Asia/Dushanbe
  • Имзои Қонуни афви умумии ҷадид дар Тоҷикистон аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон

Раисҷумҳури Тоҷикистон Қонуни афви умумии ҷадидро, ки ба тасвиби Маҷлиси намояндагони ин кишвар расидааст, имзо кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои ин қонун аз мақомоти Додгоҳи Олӣ, Додситони кул ва Вазорати адлияи кишвараш дархост кардааст, ки пас аз иҷроӣ шудани ин санади ҳуқуқӣ гузоришеро ба вай ироа диҳанд.

Гуфта мешавад, дар сурати иҷроӣ шудани ин қонун 7 ҳазор зиндонӣ ва ҳудуди 20 ҳазор аз афроди боздоштшуда ва ононе, ки таҳти бозҷӯӣ қарор доранд, озод мешаванд ва бақия низ тахфифи муҷозот мегиранд.

Бахтовар Сафаров, намояндаи маҷлиси қонунгузори Тоҷикистон дар тавзеҳи ин қонун гуфтааст, 500 нафаре, ки ба иттиҳоми ибрози назар зери матолиби дорои мазомини ифротӣ дар шабкаҳои иҷтимоӣ маҳкум ба зиндон шуда буданд, низ озод хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти ахири Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Лаҳистон дар посух ба интиқоди мухолифон, ки гуфта буданд, танҳо ба хотири ибрози назар дар бораи матолиби интернетӣ атбои Тоҷикистон боздошт ва зиндонӣ мешаванд, таъкид доштанд, ки ин мавзӯъ сиҳҳат надорад.

Дар маҷмӯъ, 600 нафар аз мазнунон дар иртикоби ҷиноёт, 3 ҳазору 100 нафари зиндонёне, ки давраи маҳкумияти худро мегузаронанд ва 3 ҳазор нафаре, ки ҳукми маҳкумияти машрут доранд, озод хоҳанд шуд.

Бар асоси ин қонун, 4 ҳазору 500 нафар, ки иҷрои ҳукми маҳкумияти онон таълиқ шудааст, низ табраа хоҳад шуд.

 

Барчасп