Афзоиши 30 миллион долларии қарзи ширкати Барқи тоҷик ба нерӯгоҳи Сангтудаи -1
(last modified Sat, 26 Oct 2019 07:00:34 GMT )
Октябр 26, 2019 12:00 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 30 миллион долларии қарзи ширкати Барқи тоҷик ба нерӯгоҳи Сангтудаи -1

Қарзи ширкати Барқи тоҷик ба нерӯгоҳи Барқӣ обии Сангтудаи - 1 аз оғози имсол 30 миллон доллар афзоиш доштааст.

Ба нақл аз сомонаи Осиё Плюс , бо иҳтисоби ин маблағ мизони кулӣ қарзи ин ширкат ба нерӯгоҳи Барқӣ обии Сангтудаи -1, ки 75 дар сади саҳоми он мутаалиқ ба давлати Русия аст, ба 135 миллион доллар расидааст.

 Ин нерӯгоҳ дар 9 моҳи имсол 1 миллиард ва 768 миллион килавват соат барқ тавлид карда ,ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш наздик ба 89 миллион килавват соат камтар аст. Нерӯгоҳи Барқӣ обии Сангиудаи 1, ки тарҳи муштараки Русия Тоҷикистон аст, дар соли 2009 ба баҳрабардорӣ расид ва 10 дарсад аз кули мизони барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои Барқӣ обии Тоҷикистонро тавлид мекунад.

Гуфта мешавад,ки бахше аз Барқи тавлидшуда дар ин нерӯгоҳ ба Афғонистон содир мешавад.