Истиқрори системаи S-300-и Русия дар Тоҷикистон
Нахустин системаи дифои зиддимушакии Русия мавсум ба S-300 барои истиқрор ба пойгоҳи низомии 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон мунтақил шуд.
Ба нақл аз Спутник, ин матлабро Маркази фармондеҳии ҳавзаи низомии марказии Русия, ки пойгоҳи низомии 201-уми мустақар дар Тоҷикистон вобаста ба ин фармондеҳӣ мебошад эълом кардааст.
Ин нахустин системаи дифои зиддимушакии Русия аст, ки дар пойгоҳи низомии 201 дар қаламрави Тоҷикистон ва 200 километр дуртар аз марз бо Афғонистон мустақар мешавад.
Ҳадафи истиқрори ин системаи зиддимушакӣ дар Тоҷикистон ҳаросат аз пойгоҳи низомии 201-уми артиши Русия, тақвияти дифои зиддиҳавоии кишвраҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Осиёи Марказӣ ва кӯмак ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон унвон шудааст.