Октябр 28, 2019 20:08 Asia/Dushanbe
  • Сафари қарибулвуқуъи нахуствазири Тоҷикистон ба Кувейт

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ба зуддӣ ба кишвари Кувейт сафар мекунад.

Ба гузориши Авесто, ин хабар дар пайи дидори ахири Зубайдуллоҳ Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувейт бо мақомоти баландпояи ин кишвар эълом шудааст.

Дар дидорҳои ҷудогонаи сафири Тоҷикистон бо Алӣ Сулаймон ал Саъид, муовини вазири хориҷа ва Юсуф Мустафо Абдуллоҳ, муовини вазири иттилооти Кувейт, тарафҳо зимни баррасии раванди ҳамкориҳои кунунии Тоҷикистон ва Кувейт бар зарурати густариши ин ҳамкориҳо дар оянда таъкид карданд.

Ҳамкорӣ дар бахши гардишгарӣ аз мавзуоти меҳварӣ дар ин дидорҳо буд.

Қарор аст, дар сафари нахуствазири Тоҷикистон ба Кувейт барномаи рушди гардишгарӣ миёни ду кишвар барои давраи 2020 то 2023 ба тасвиб бирасад.