Октябр 29, 2019 19:35 Asia/Dushanbe
  • Вуруди беш аз чор миллиону 300 ҳазор зоир ба Машҳади муқаддас

Беш аз чор миллиону 300 ҳазор зоир ба Машҳади муқаддас ворид шуданд.

Муовини ҳамоҳангӣ ва мудирияти умури зоирони устондории Хуросони Разавӣ гуфт, аз 27-уми меҳр то субҳи имрӯз чаҳор миллиону 309 ҳазору 627 нафар зоир ба Машҳади муқаддас ворид шуданд. Муҳаммадсодиқи Баротӣ афзуд: 505 ҳазор нафар аз ин омор марбут ба зоирони пиёдаи разавӣ аст, ки аз 6-уми меҳр вориди Машҳад шудаанд. Вай дар бораи омори зоирони ғайрипиёда ҳам гуфт, 494 ҳазору 189 нафар аз зоирони вурудӣ аз тариқи ҳамлу нақли умумиҷодаӣ, 138 ҳазору 749 нафар аз тариқи ҳавоӣ, 223 ҳазору 844 нафар аз тариқи роҳи оҳан ва ду миллиону 947 ҳазору 845 нафар бо худравҳои шахсӣ ба Машҳади муқаддас сафар кардаанд, ки ин омори вурудӣ дар муқоиса бо омори вурудии зоирон ба Машҳади муқаддас дар муддати мушобеҳи порсол 2,8 дарсад афзоиш дорад.

276 истгоҳи салавотӣ дар меҳварҳои шашгонаи вурудӣ ба Машҳад барои пазироӣ аз зоирони пиёдаи Имом Ризо (а) бо хидматрасонии ходимоне аз 11 устони Эрон барпо шудааст. 103 пойгоҳи сайёри имдод ва наҷот ҳам дар масирҳои ҷодаӣ мустақар шудаанд ва 24 гурӯҳи амалиётии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ҳам аз 16 устони Эрон ба кумаки гурӯҳҳои имдодии Хуросони Разавӣ омадаанд. 13 маркази изтирорӣ барои зоирони пиёдаи разавӣ дар Машҳад пешбинӣ шудааст. Беш аз 160 такси дар Машҳади муқаддас ба сурати ройгон зоирони пиёдаи разавиро ҷо ба ҷо мекунанд.