Октябр 30, 2019 09:53 Asia/Dushanbe
  • Эътои 320 миллион рублии таслиҳоти низомии Русия ба Тоҷикистон

Пас аз поёни размоиши низомии кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Тоҷикистон, Русия ба маблағи 320 миллион рубл таслиҳоти низомӣ ба низомиёни тоҷик эъто кард.

Ба нақл аз сомонаи нашрияи русии Камерсант, генерал Александер Лапин фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии Русия, ки пойгоҳи низомии 201 мустақар дар Тоҷикистон вобаста ба ин фармондеҳӣ мебошад, гуфтааст ин таҷҳизот шомили радарҳо ва худравҳои зиреҳӣ мешавад, ки ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон эъто шудааст.

Вай ҳадаф аз ин иқдомро тақвияти тавони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар баробари афзоиши таҳдидҳои гуруҳҳои террористии мустақар дар шимоли Афғонистон унвон кард.

Ба гуфтаи вай Тоҷикистон муттаҳиди наздики Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст ва Маскав барои тақвияти тавони нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ва таъмини амният дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон бо омӯзиши ҳамзамони низомиёни тоҷик таҷҳизоти пешрафтаи ҷангиро низ дар ихтиёри Душанбе қарор хоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки ахиран нахустин системи дифои зиддимушакии Русия мавсум ба С-300 барои истиқрор ба пойгоҳи низомии 201 артиши Русия дар Тоҷикистон ва 200 километр дуртар аз марз бо Афғонистон ба ин пойгоҳ мунтақил шуд.

Истиқрори системи дифои зидди мушакии С-300 Русия дар Тоҷикистон ва вогузории таслиҳоти низомии Русия ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамзамон бо баргузории размоиши низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва 5 кишвари дигари узви  Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар наздикии марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон анҷом мешавад.