Октябр 30, 2019 20:21 Asia/Dushanbe
  • Тамҷиди сомонаи эронӣ аз дурахшиши футболбозони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонӣ

Як сомонаи варзишии эронӣ ба тамҷид аз дурахшиши футболистҳои навҷавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонӣ пардохт.

Сомонаи эронии "Варзиши 3" навишт: Футболи Тоҷикистон дар ҳоли пешрафт аст ва ҳоло шоҳиди дурахшиши тими миллии навҷавонони ин кишвар дар Ҷоми ҷаҳонии зери 17 сол дар Бразилия ҳастем. Тоҷикҳо, ки яке аз чор намояндаи футболи Осиё дар Ҷоми ҷаҳонии навҷавонон ҳастанд, дар аввалин мусобиқа ду гол ба тими Камерун заданд.

Ин натиҷа барои хелеҳо аҷиб буд ва пешбинӣ намекарданд тоҷикҳо дар масоф бо ин тими африқоӣ ба ин хубӣ бозӣ кунанд ва ба бурди дилчаспе даст ёбанд.

Дар идомаи ин гузориш гуфта шудааст: Нуктаи ҷолиби ин бозӣ, ки мавриди таваҷҷӯҳи сайти ФИФА қарор гирифтааст, ҳаракати халлоқонаи тоҷикҳо дар истифода аз як зарбаи истгоҳӣ будааст.

Тоҷикҳо ҳоло бо намоиши хубе, ки дар баробари Камерун доштанд, мавриди таваҷҷӯҳи ҳама қарор гирифтаанд ва ба хубӣ нишон додаанд, ки пешрафти қобили мулоҳизае доштанд.