Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи будҷаи соли 2020 ро тасвиб кард
Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасте ба раёсати Имомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии ин кишвар тарҳи будҷаи давлат барои соли 2020 ро тасвиб кард.
Ба нақл аз дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон , Имомалӣ Раҳмон дар ин нишаст гуфт ; ҳаҷми умумии будҷаи ҳукумат дар соли 2020 , 26 миллиард ва 100 миллион сомонӣ ( муодили 2 миллиард ва 100 миллион доллар ) хоҳад буд ,ки дар муқоиса бо соли 2019 наздик ба 300 миллион доллар бештар аст.
Ҳаҷми умумии будҷаи ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2019 , 23 миллиарду 773 миллион сомонӣ буд.
Ин шохис дар муқоиса бо будҷаи имсол , наздик ба 300 миллион доллар бештар аст.
Ҳамчунин барои бахши ҳазинаи будҷаи ҳукумати Тоҷикистон дар соли оянда 26 миллиарду 40 миллион сомонӣ дар назар гирифта шудааст. Аммо бахши даромади будҷаи давлати ин кишвар ҳам барои соли 2020 , 26 миллиарду 400 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда ,ки дар муқоиса бо будҷаи имсол ҳафтуним дар сад бештар аст.
Гуфта мешавад ,ки касрии бахше аз будҷаи соли оянда ба мизони 349 миллион сомонӣ аз ҳисоби дарёфти кумакҳои молии бархе кишварҳо ва ниҳодҳои молии байналмиллалӣ ва минтақаӣ ва фуруши амволи давлатӣ ҷуброн хоҳад шуд.
Дар будҷаи давлати Тоҷикистон барои соли 2020 маллағи 11 миллиарду 700 миллион сомонӣ барои бахшҳои иҷтимоӣ дар назар гирифта шудааст.