Дидори мақомоти амниятии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Исфара
(last modified Sat, 02 Nov 2019 06:20:20 GMT )
Ноябр 02, 2019 11:20 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти амниятии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Исфара

Дар дидори мақомоти амниятии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд мавзуи таъмини амният ва аломатгузории марзи муштараки ду кишвар баррасӣ шуд.

Ба нақл аз хабаргузории давлатии  Ховар , дар дидори генерал Саидмумин Ятимов раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва генерал Орозбек Олимбоев ҳамтои Қирғизи вай роҷеъ ба вазъи феълии марзи муштараки ду кишвар ва зарурати тақвияти ҳамкориҳои нерӯҳои марзбонии ин ду ҷумҳурии ҳамсоя баҳс ва табодули назар шуд.

Ду тараф дар ин дидор хостори муборизаи муштарак алайҳи гурӯҳҳои терорристӣ ва ифротӣ , ҷиноятҳои Созмонёфтаи фаромиллӣ ва қочоқчиёни маводи мухадир дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон шуданд.

Тарафҳо ҳамчунин бар зарурати фароҳам кардани шароити мусоид ба манзури фаолияти муасири камисиюни муштараки байни давлатӣ аломатгузории марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон таъкид карданд.

Дар паи ду даҳаи музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳали ихтилофоти марзӣ , танҳо 520 киллометр аз марзи 721 киллометрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст , ихтилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз минтақаҳои марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд аз ҷумла мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст.

Бар асоси марзбандиҳои даврони Шуравӣ бархе аз минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври мушахас аломатгузорӣ нашуда ва теъдоде рустоҳои ин ду кишвар дар дохили хоки ҷумҳурии дигар қарор доранд ,ки ба иллати аслии ихтилофҳои мақомоти тоҷик ва қирғиз табдил шудааст.