Эҷоди посгоҳи марзии нав дар марзи Тоҷикистон - Афғонистон тавасути Амрико
(last modified Sat, 02 Nov 2019 07:48:34 GMT )
Ноябр 02, 2019 12:48 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди посгоҳи марзии нав дар марзи Тоҷикистон - Афғонистон тавасути Амрико

Пости марзии Укултун бо пуштибонии молии Амрико дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ифтитоҳ шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Фарғона , ба гуфтаи вебсойти расмии сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе , пости марзии нав дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ин ҷумҳури қарор дорад.

Ҳазинаи ин тарҳ 900 ҳазор доллар тахмин задашудааст ,ки тавассути дафтари ҳамкории низомии сафорати Иёлоти Муттаҳида дар ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисос ёфтааст.

Иёлоти Муттаҳида пештар аз сохти як посгоҳи марзӣ ва ду горди марзӣ дар имтидоди марзи Афғонистон ва Тоҷикистон ҳимояти молӣ карда буд.

Аз соли 2005 , давлати Амрико барои тақвияти амнияти марзии Тоҷикистон беш аз 100 миллион доллар ҳазина кардааст , дар моҳи маи имсол, амрикоиҳо таҷҳизоте барои кантроли мадракҳо ва санадҳои муҳоҷиратӣ ба арзиши 100 ҳазор долларро ба нерӯҳои марзии ҷумҳурӣ таҳвил доданд.

Дар моҳи январ , таҷҳизоти родории заминӣ ба арзиши 3. 8 миллион доллар барои кантроли минтақаҳои марзӣ ,ки барои гаштзанӣ ба равиши маъмул , ба марзбонони Тоҷикистон таҳвил дода шуд.

Ҳамчунин дар актиябри 2018 Иёлоти Муттаҳида таҷҳизоти сохтмонӣ ва васоили нақлия низ ба арзиши 8 миллион долларро ба нерӯҳои марзӣ ва вазорати дифои ин ҷумҳурӣ таҳвил дод.