Афзоиши 17 дарсадии мутақозиёни муҳоҷират ба Русия дар Тоҷикистон
Мудири Дафтари намояндагии умури муҳоҷирати Вазорати кишвари Русия дар Тоҷикистон аз афзоиши 17 дарсадии мутақозиёни муҳоҷират ба Русия дар Тоҷикистон хабар дод.
Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Владислав Маркович гуфт, аз оғози имсол беш аз 9 ҳазор тоҷик хоҳони муҳоҷират ва иқомати доим дар Русия шуданд.
Ба гуфтаи вай таи ин муддат 1 ҳазору 800 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дархости катбӣ барои рафтан ба Русия ва иқомат дар ин кишварро доштанд, ки дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли пеш беш аз 4 дарсад афзоиш ёфтааст.
Аз ин ру Дафтари намояндагии умури муҳоҷирати Вазорати кишвари Русия дар Тоҷикистон барои ин ашхос 1 ҳазору 616 гувоҳинома барои рафтан ба Русия ва кору иқомати доим содир кардааст, ки теъдоди онон бо аъзои хонаводаҳояшон ба 6 ҳазору 892 нафар мерасад.
Ин шохис дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш 44 дарсад афзоиш ёфтааст.
Владислав Маркович таъкид кард, бар асоси барномаи интиқоли шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия, ки аз соли 2013 оғоз шуд аз Тоҷикистон 81 ҳазор нафар дархости хуудро матраҳ кардаанд, ки 23 ҳазору 641 нафар муваффақ ба дарёфти иҷозатнома шуданд.
Интиқоли довталабони тоҷикистонии кору иқомати доим дар Русия бар асоси ниёзи минтақаҳои мухталифи ин кишвар ба нерӯи мутахассиси кор анҷом мешавад.
Аз сӯи дигар дар соли 2018 беш аз 29 ҳазор тоҷикистонӣ муваффақ ба дарёфти шаҳрвандии Русия шуданд, ки теъдоде аз ин ашхос дар дохили Русия фаолият мекунанд.