Дидори Раҳмон бо раисҷумҳури собиқи Афғонистон
(last modified Wed, 13 Nov 2019 12:54:33 GMT )
Ноябр 13, 2019 17:54 Asia/Dushanbe
  • Дидори Раҳмон бо раисҷумҳури собиқи Афғонистон

Раисҷумҳури собиқи Афғонистон дар сафар ба Тоҷикистон бо раисҷумҳури ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор масоили марбут ба густариши муносиботи Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ шуд.

Тарафайн зимни сӯҳбати дӯстона дар мавриди масоили мухталифи марбут ба муносиботи 2 кишвар, вазъияти феълӣ ва дурнамои тавсиаи иқтисодии Афғонистон, таъмини сулҳу субот дар ин кишвар ва дар хусуси соири масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баҳсу табодули назар карданд.

Ҳамчунин дар ин дидор таъкид шуд барои ҳифзи субот ва оромиш дар минтақа, тарвиҷи фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҷилавгирӣ аз иқдомоти номатлуб, монанди терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, бояд аз тамоми имконот ва манобеи мавҷуд истифода кард.