Узвияти теъдоде аз тоҷикҳо дар гурӯҳи ДИИШ дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i48375-Узвияти_теъдоде_аз_тоҷикҳо_дар_гурӯҳи_ДИИШ_дар_Афғонистон
​​​​​​​Яке аз аъзои ДИИШ-иҳои таслим шуда ба нируҳои давлатии Афғонистон гуфт, теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон узви ин гурӯҳи террористӣ шуданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Ноябр 14, 2019 16:35 Asia/Dushanbe
  • Узвияти теъдоде аз тоҷикҳо дар гурӯҳи ДИИШ дар Афғонистон

​​​​​​​Яке аз аъзои ДИИШ-иҳои таслим шуда ба нируҳои давлатии Афғонистон гуфт, теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон узви ин гурӯҳи террористӣ шуданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии "Тулуъ", ба тозагӣ 300 нафар аз нируҳои ДИИШ дар устони Нангарҳор ба нируҳои давлатии Афғонистон таслим шуданд, ки бахше аз он ҳохорҷӣ буданд.

Дар ҳамин робита Валиуллоҳ, фармондеҳи нируҳои вежаи артиши Афғонистон дар минтақаи Ачини устони Нангарҳор гуфт, дар миёни ин аъзои ДИИШ, занонукӯдакони хурдсол низ ҳастанд.

Умар Форуқ, узви ин гуруҳи таслим шудаи ДИИШ аст, ки гуфта аст, 40 сола ва зодаи минтақаи Хайбари Покистон аст.

Ифшогирии ин узви ДИИШ дар мавриди хориҷиҳои ин гурӯҳи террористӣ дар ҳоле аст, ки баҳори имсол мақомоти Тоҷикистон аз Саидвалӣ Шафеев, зодаи шаҳристони ин кишвар ба унвони фармондеҳи тоҷикҳои ДИИШ дар устон Нангарҳори Афғонистон ном бурда буданд.

Аз сӯи дигар Мурват, узви дигари ин гурӯҳи таслим шудаи ДИИШ гуфтааст, ки ба онҳо амр шуда, ки ба иллати фишорҳои низомӣ, Нангарҳорро тарк кунанд ва ба вилоятҳои шимолии Афғонистон бираванд.

Пеш аз ин ахбори фаровоне дар мавриди истиқрори нируҳои ДИИШ да шимоли Афғонистон ва наздикии марз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мунташир шуда, ки ин раванд бо мусоидати Амрико ва Ғарб шакл гирифтааст.