Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти раисони додгоҳҳо дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 21 Nov 2019 15:25:31 GMT )
Ноябр 21, 2019 20:25 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти раисони додгоҳҳо дар Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти раисони додгоҳҳо дар кишвараш интиқод кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар дидор бо кормандони додгоҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз сатҳи поёни дониши ҳирфаӣ ва камкории раисони додгоҳҳо ба шиддат интиқод кард.

Вай гуфтааст, ки тайи 9 моҳи соли ҷорӣ 190 мавриди шикоят аз норизоятии шаҳрвандон ба аҳкоми содира дар додгоҳҳои Тоҷикистон ба Додгоҳи олӣ, 44 мавриди шикоят ба дафтари раёстҷумҳурӣ, 58 мавриди эътироз ба бетаваҷҷуҳии қозиҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо ва 125 маврид шикоят аз амал накардани раисони додгоҳҳо ба масулиятҳои хеш ворид гардидааст. Вай таъкид кардааст, ки ин навъ эътирозот ва шакоёт дар мавриди амалкарди додгоҳҳои иқтисодии Тоҷикистон низ ба сабт расидааст. Аз дидгоҳи Эмомалӣ Раҳмон ба вазоифи хеш амал накардани раисони додгоҳҳо дар Тоҷикистон мӯҷиби нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони ин кишвар мешавад.

Вай ҳамчунин аз заъфи низоми додгоҳии ин кишвар, таъмин нашудан ба мавқеи иҷрои аҳкоми содира, муроот нагардидани муддати таъйин шуда барои баррасии парвандаҳои ҷиноӣ дар додгоҳҳо, вуҷуди мавориди муғризона дар судури аҳком интиқод кард. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон тайи 9 моҳ соли ҷорӣ 265 ҳукми додгоҳҳои аввалия ба далели мутобиқ набудани ин аҳком бо мизони ҷурму ҷинёт лағв карда шудааст.

Ҳатто дар мавориде барои афроди муттаҳам дар иртикоби ҷиноёти сангин аҳкоми сабук содир шудааст, ки ҷои нигаронӣ дорад.