Ноябр 23, 2019 10:14 Asia/Dushanbe
  • 30 ҳазор талабкори бонкӣ дар Тоҷикистон

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт; ду Бонки Содирот ва Сармоягузории Кишоварзии ин кишвар ба 30 ҳазор муштарӣ бадеҳкоранд.

Ба нақл аз сомонаи Маҷлиси намояндагони  Тоҷикистон,Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар нишасти Парлумони ин кишвар , мизони қарзҳои молии Бонки буҳронзадаи Содирот ба 13 ҳазор ва 500 нафар аз муштариёни худро 445 милион сомонӣ ( муодили 45 миллион ва 900 ҳазор доллар) эълом кард.

Вай таъкид кард ; Бонки буҳронзадаи Сармоягузории кишоварзӣ ҳам ба 18 ҳазор муштарии худ 667 миллион сомонӣ ( муодили 68 миллиону 700 ҳазор доллар ) қарздор аст.

Пештар низ мавзуи лағви иҷозатномаи фаъолияти ин ду Бонк,ки аз соли 2015 тавони бозпардохти манобеъи молии ба амонат гузоштаи молии муштариёни худро аз даст дода буданд матраҳ шуда буд,ки Бонки миллии Тоҷикистон бо ин иқдом мухолифат кард.

 Пеш аз ин низ Сандуқи байналмиллалии Пул низ хостори лағви иҷозатномаи ду Бонки буҳронзада ва пардохти талаботи муштариён шуда буд.

Ҳатто пардохти воми 3 миллиарду 850 миллион сомонии Ҳукумати тоҷикистон дар соли 2016 ба ин ду Бонк ҳам натавонист авзои молии ин ду ниҳоди моллиро беҳбуд бахшад.

Барчасп