Ноябр 23, 2019 20:50 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон бар ҳифзи иттиҳоди миллӣ дар сояи парчами Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар пайёме фаро расидани 24 ноябр даҳумин Рӯзи Парчами давлатиро ба мардуми кишвараш табрик гуфт.

Ба нақл аз сомонаи Ховар, дар пайёми Эмомалӣ Раҳмон омадааст, парчам барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоат ва мардонагӣ аст ва мардуми мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун абзоре муттаҳидкунанда эҳтиром мегузоранд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ёдовар шуд, ки қабули Парчами давлатӣ дар вазъияти ниҳоят ҳассос – нахустин солҳои таърихи давлати ҷавону тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавони тоза бахшид, эҳсоси миллиро такон дод, қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид сохт ва онҳоро нерӯ бахшид, ки таҳти парафшонии парчами давлати озоди худ сохтори конститутсиониро барқарор намоянд.

Раҳмон дар ин пайём бо таъкид бар таваҷҷуҳи бештар ба масъалаи субот ва амнияти ватан ва ҳифзи давлат ва давлатдорӣ тасреҳ кардааст, мо бояд  зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем ва дар зери Парчами давлатӣ ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошем.

Парчами расмии Тоҷикистон дар Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози ХУ1-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва баъдан, 24 ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами давлатӣ номгузорӣ шуд.

Барчасп