Ноябр 24, 2019 09:31 Asia/Dushanbe
  • Раиси Маҷлиси Тоҷикистон: сарнавишти коргарони тоҷик дар Русия мубҳам аст

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз вазъияти ногувори ҳуқуқӣ ва иҷтимоии коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ибрози нигаронӣ кард.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Шукурҷон Зуҳуров дар нишасти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфтааст, ки сарнавишти коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия мубҳам ва муҷиби нигаронии мақомоти Душанбе аст.

Вай бо баёни ин ки шуморе аз муҳоҷирони корӣ бо дарёфти тобеияти Русия вазъияти ҳуқуқӣ ва иҷтимоии беҳтаре дар муқоиса бо дигар коргарони муҳоҷири тоҷик доранд афзуд, бо ин ҳол бақия дар шароити бисёр ногувори ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва ҳеҷ нишоне аз беҳбуди вазъияти ин ашхос мушоҳида намешавад.

Зуҳуров ёдовар шуд, ки дар дидори сарони Русия ва Тоҷикистон раисони маҷолиси қонунгузорӣ ва нахуствазирони ду кишвар ҳамвора бар зарурати беҳбуди вазъияти ногувори ҳуқуқӣ ва иҷтимоии коргарони муҳоҷири тоҷик ишора мешавад, аммо мақомоти Маскав дар солҳои ахир ба ҷуз додани ваъда ҳеҷ иқдоми амалие дар ин замина анҷом надодаанд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъкид кард, мақомоти ин кишвар бояд мавзӯи эъзоми нерӯи кори ҷавон ба Русияро ҷиддӣ бигиранд, то ин ашхос бо забони русӣ ва қавонини ҳуқуқии ин кишвар ошно бошанд ва ниёзи кишвари мизбон ба шуғлу ҳирфаи коргаронро бидонанд.

 

Барчасп