Тоҷикистон руғанҳои узбакистониро баргардонд
Тоҷикистон 60 тонна руғани моеъи воридотӣ аз кишвари Узбакистонро ба далели сифати поин ва ғайристандард будани дубора ба Тошканд бозгардонд.
Ба нақл аз Спутник, Муҳаммадалӣ Пардазода аз масъулони додситонии ҳамлу нақли вилояти Суғд гуфтааст, ки баррасии озмоишгоҳии ин руғанҳо нишон дод, ки ин маводи ғизоӣ стандардҳои лозимро надорад ва барои саломатии мардум хатарнок аст.
Вай таъкид кардааст, ки дар 9 моҳи нахусти имсол мақомоти додситонии ҳамлу нақл, гумрук ва дигар идораҳои назоратии вилояти Суғд беш аз 186 ҳазору 200 тонна анвои маводи ғизоии ғайристандарди воридотӣ аз кишварҳои Узбакистон ва Қирғизистонро кашф ва аз вуруди ин маҳсулот ба арзиши 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ба Тоҷикистон пешгирӣ кардаанд.
Муҳаммадалӣ Пардазода гуфтааст, ки дар ин муддат аз 13 гузаргоҳи марзӣ миёни вилояти Суғд бо Узбакистон ва Қирғизистон наздик ба 50 миллион сомонӣ анвои маҳсулот ва коло ворид шудааст, ки 20 дарсади он маводи ғизоӣ будааст.