Ноябр 25, 2019 10:51 Asia/Dushanbe
  • Эъломи номҳои тоҷикони ҳодисадида дар садамаи маргбор дар Русия

Манобеъи сафорат ва намояндагии вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав номҳои тоҷикони муҳоҷири захмӣ ва кушташуда дар садамаи ронандагӣ дар вилояти Оренбурги Русияро эълом карданд.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Москва, дар миёни шаш тан аз куштаҳои садамаи ду худрав дар вилояти Оренбург, ду коргари муҳоҷири тоҷик ва як захмӣ аз шаҳрвандони ин кишвар шиносоӣ шудаанд.

Ин ашхос ҳангоми бозгашт аз Русия дучори ҳодиса шуданд.

 Дар ин ҳодиса Фирӯз Аҳмади 26 сола ва Ҳусниддин Маликзодаи 27 сола-ду коргари муҳоҷири тоҷик ҷони худро аз даст доданд ва Шаҳбоз Исматуллоеви 25 сола ба шиддат маҷрӯҳ ва дар бемористон бистарӣ шуд, ки ҳолу ӯ вазнин гузориш шудааст.

 Мақомоти полиси роҳи вилояти Оренбурги Русия эълом кардаанд, ки дар пайи бархурди як минибуси ҳомили коргарони муҳоҷири тоҷик ва узбак бо як мошини боркаш,  ронанда ва панҷ мусофири минибус кушта  шуданд, ки яке аз онон кӯдаке 6 сола будааст.

Полис ронандаи минибусро дар ин ҳодиса гуноҳкор медонад.

 Ҳамасола бо оғози фасли сармо дар Русия ҳазорон коргари муҳоҷири тоҷик, ки қасд доранд ба кишвари хеш баргарданд ба далели гаронии нархи билети ҳавопаймо маҷбур мешаванд аз роҳҳои заминӣ роҳии Тоҷикистон шаванд.

 

Барчасп