Дархости паноҳандагии 77 тоҷик аз Полша тайи 9 моҳи имсол
(last modified Wed, 27 Nov 2019 05:08:18 GMT )
Ноябр 27, 2019 10:08 Asia/Dushanbe
  • Дархости паноҳандагии 77 тоҷик аз Полша тайи 9 моҳи имсол

Сухангӯи Идораи умури муҳоҷирони Полша аз дарёфти дархости 77 тоҷик барои паноҳандагӣ дар ин кишвар, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи CA NEWS, кониуз, Якуб Дудзяк гуфтааст, мақомоти сиёсии Полша бо дархости 18 тоҷик барои дарёфти мақоми паноҳандагӣ дар ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо мувофиқат карда ва ба бақия посухи рад додаанд. Ин дар ҳоле аст, ки дар 9 моҳи соли 2018 беш аз 144 шаҳрванди Тоҷикистон аз давлати Полша дархости паноҳандагии сиёсӣ карда буданд.

Дар соли 2017 ин омор 85 нафар эълом шудааст, ки аксари ин афрод далели ин иқдомро таҳти таъқиб қарор доштани хеш дар Тоҷикистон ба хотири афкори сиёсӣ унвон кардаанд. Аммо дар соли 2016 беш аз 882 шаҳрванди Тоҷикистон аз Полша хоста буданд, ки ба онон мақоми паноҳандагии сиёсӣ эъто намояд.

Коршиносон мегӯянд, иллати афзоиши муҳоҷирати тоҷикҳо ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба мавзӯи мамнуъияти фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24” дар соли 2015 дар Тоҷикистон муртабит мебошад, ки боздошт ва зиндонӣ кардани фаъолон ва аъзои ин ду созмон ташдид шуд.

Гуфта мешавад, тайи солҳои ахир байни 8 то 10 ҳазор тоҷик дархости паноҳандагии хеш дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупоро матраҳ кардаанд, ки аз соли 2017 ин раванд ба далели мухолифати ин кишварҳо коҳиш ёфтааст.