Ноябр 28, 2019 11:02 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии намояндаи КДАМТ аз ҳузури занони тоҷик дар зиндонҳои Сурия ва Ироқ

Намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ҳузури 48 зани тоҷик дар зиндонҳои Сурия ва Ироқ ибрози нигаронӣ кардааст.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Муҳаммад Саидов дар ҳамоиши "Таҳкими бунёни хонавода - асоси ҷомеа ҳуқуқӣ" дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар ҳоли ҳозир 15 зани тоҷик дар Сурия ва 33 нафар дар Ироқ давраи маҳкумияти худро мегузаронанд. Вай таъкид кардааст, ки дар ҳамлаи хунин ба посгоҳи марзии ин кишвар дар шаби 7 ноябри соли ҷорӣ 9 мард, 11 зан ва 13 кӯдак мушорикат доштанд, ки синни онон байни 4 то 15 сол буда ва бо ҳам хешованд будаанд. Ӯ гуфт, аъзои ду хонавода аз сокинони вилояти Суғд ба таври дастҷамъӣ ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайваста ва даст ба ҳамлаи хунин ба ба посгоҳи марзии ин кишвар заданд.

Ба гуфтаи Муҳаммад Саидов, фақат дар соли 2019 алайҳи 60 зани тоҷик ба иттиҳоми иртибот бо гурӯҳҳои террористӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст, ки ин афрод фирорӣ буда ва таҳти пайгарди қазоӣ қарор гирифтаанд.

Намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълом кардааст, ки байни солҳои 2013 то 2019 алайҳи 400 зани тоҷик ба иттиҳоми мушорикат дар фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ифиротӣ, ҳузур дар манотиқи даргириҳои мусаллаҳона дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ ва ҷазби афрод ба узвияти ин созмонҳо парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

 

Барчасп