Ноябр 29, 2019 21:07 Asia/Dushanbe
  • Рушди 7 дарсадии тавлидоти кишоварзии Тоҷикистон бо барномарезии давлат

Бо барномарезии давлати Тоҷикистон тавлидоти кишоварзии ин кишвар 7 дарсад рушд доштааст.

Ожонси омори вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, бо интишори гузорише аз вазъияти тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон, хабар аз рушди ҳудуди 7 дарсадии тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ аз оғози имсол додааст.

Ин дар ҳоле аст, ки вазъияти тавлидоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир ба далели шароити обуҳавоӣ таърифи чандоне надоштааст. Аз ин рӯ, ба назар мерасад барномаҳои ҳимоятии давлат аз кишоварзон далели аслии афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ будааст.

Тибқи эъломи ин маркази оморӣ, арзиши тавлидоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз январ то сентябри соли ҷорӣ беш аз 1.9 миллиард доллар баровард шуда, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл рушди 7 дарсадӣ доштааст.

Бар асоси ин омор, мизони тавлиди маҳсулоти зироатӣ ва чорводорӣ низ ҳар кадом ба мизони 7.1 дарсад нисбат ба соли гузашта рушд доштанд ва кишоварзони тоҷик дар соли ҷорӣ беш аз 1 миллион тон ғалла тавлид кардаанд.