Ноябр 30, 2019 15:38 Asia/Dushanbe
  • Зиндонӣ шудани вакилони мудофеи зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон

Фаъоли ҳуқуқии тоҷик: имрӯз ҳатто вакилони дифои зиндониёни сиёсӣ ҳам дар Тоҷикистон зиндонӣ ҳастанд.

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти зиндониён ва гаравгонони сиёсӣ зимни ташреҳи вахомати авзои зиндониёни сиёсии Тоҷикистон изҳор дошт: Имрӯз ҳатто вакилони дифои зиндониёни сиёсӣ ҳам дар Тоҷикистон зиндонӣ ҳастанд.

Ба нақл аз Тасним, ӯ гуфт: Вазъияти зиндониёни сиёсӣ ва исломгаро дар Тоҷикистон аз соли 2015 ба баъд вахимтар шуд.

Раиси Кумитаи наҷоти зиндониён ва гаравгонони сиёсии Тоҷикистон идома дод: Бо сипарӣ шудани таҳаввулоти сентябри ин сол давлати Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо кудето номидани он воқеаҳо баҳонаи бисёр муносибе барои поксозии кишвар аз мухолифин барои эҷоди як кишвари такҳизбӣ ба даст оварад.

Ин шароит бо гузашти 4 сол мӯҷиб шуд, то Тоҷикистон ба яке аз бузургтарин зиндонҳои сиёсии ҷаҳон табдил шавад, ки ҳеҷ дидгоҳи мухолифе дар он ҷувуд надошта бошад.

Абдусаттор Бобоев ҳамчунин изофа кард: Нуктаи ҷолиби таваҷҷӯҳ он аст, ки дар ин фароянд илова бар рӯзноманигорон ва фаъолони сиёсӣ, вакилони мудофеи зиёде низ ба чашм мехӯранд, ки бо унвони зиндонии сиёсӣ аҳкоми худро сипарӣ мекунанд, ки Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов аз ҷумлаи матраҳтарин вакилоне ҳастанд, ки дар ин миён номашон ба чашм мехӯрад ва ахиран мавриди тахфифи 4 ва 6 -солаи (аз аҳкоми 28 ва 21-сола) раисҷумҳур қарор гирифтанд.

Ӯ гуфт: Акнун беш аз 1500 зиндонии сиёсӣ аз ҳама ҳизбҳо ва гурӯҳҳои мухталиф акнун ба аҳкоми тӯлонимуддати зиндонҳои Тоҷикистон ҳастанд ва ранҷ мебаранд.