Декабр 03, 2019 10:04 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии Бонки ҷаҳонӣ аз коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистон дар ду соли оянда

Бонки ҷаҳонӣ аз коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистон таи ду соли оянда хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи ТоҷикТа, дар гузориши тозаи Бонки ҷаҳонӣ таъкид шудааст, ки мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон таи солҳои 2020 ва 2021 ба 5 дарсад хоҳад расид.

Иллати пешбинӣ аз кунд шудани рушди иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 2020 ва 2021 коҳиши суръати рушди иқтисоди Русия ва поин омадани нархи маводи хом дар бозори ҷаҳонӣ хоҳад буд.

Аз дидгоҳи Бонки ҷаҳонӣ мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз хориҷ дар миёнмуддат коҳиш хоҳад ёфт, аз ин ру рушди иқтисоди Тоҷикистон аз ҳисоби тавлиди маҳсулот, фаолияти корхонаҳои коркарди конҳо ва сохтмонсозӣ таъмин мешавад.

Дар ин гузориш ба талоши мақомоти Тоҷикистон барои такмили сохти чанд тарҳи муҳим дар соли 2021 ба муносибати сеюмин солгарди истиқлоли ин кишвар низ ишора шудааст, аммо бидуни анҷоми ислоҳот дар иқтисоди ин кишвар хатари иҷроӣ нашудани ин тарҳҳо вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи мақомоти ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2018 мизион рушди иқтисоди ин кишвар 7 дасрад будааст, аммо дар соли равон ин шохис бар асоси муҳосиботи мақомоти Тоҷикистон ба 7 аз даҳ ду дарсад хоҳад расид.