Эъзоми нерӯҳои вижаи амниятӣ барои муқобила бо гургҳо дар Бадахшон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i48964-Эъзоми_нерӯҳои_вижаи_амниятӣ_барои_муқобила_бо_гургҳо_дар_Бадахшон
Нерӯҳои вижаи Кумиитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мавсум ба ОЛФО барои муқобила бо ҳамлаи гургҳо ба мардум дар минтақаи Бадахшон ба теъдоде аз рустоҳои се ноҳияи ин вилоят эъзом шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 09, 2019 13:29 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми нерӯҳои вижаи амниятӣ барои муқобила бо гургҳо дар Бадахшон

Нерӯҳои вижаи Кумиитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мавсум ба ОЛФО барои муқобила бо ҳамлаи гургҳо ба мардум дар минтақаи Бадахшон ба теъдоде аз рустоҳои се ноҳияи ин вилоят эъзом шуданд.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, ҳадаф аз ин иқдом дифоъ аз мардуми рустоҳои ноҳияҳои Рушон, Шуғнон ва Роштқалъа дар муқобили ҳамлаҳои гургҳо унвон шудааст.

Бо фаро расидани фасли зимистон ва маҳдуд шудан имкони пайдо кардани ғизо, гургҳои гурусна бо вуруд ба рустоҳои куҳистонӣ ба мардум ва домҳои онон ҳамла мекунанд ва ин дар ҳолест, ки силоҳҳои шикории мардуми ин вилоят низ чанде пеш мусодира шудааст.

Бо ин ҳол коршиносони муҳити зист муътакиданд, ки мардум низ дар ин моҷаро муқассиранд, зеро бо афзоиши ҷамъияти Тоҷикистон ва кам будани замин мардум талош мекунанд, ки дар иртифооти куҳистонӣ барои худ хона бисозанд ва ба тадриҷ маҳали сукунати гургҳоро ишғол мекунанд.

Дар соли 2018 гургҳои гурусна ду сокини ноҳияи Шуғнонро дариданд.