Декабр 10, 2019 09:48 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли тарҳи Қонуни авфи тамомии шаҳрвандони ғайримуҷоз ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Раиси ҷумҳуи Тоҷикистон тарҳи Қонуни авфи тамомии шаҳрвандони ғайримуҷоз ва аъзои хонаводаҳои онон дар ин кишварро ба маҷлиси намояндагон ирсол кард.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, Эмомалӣ Насриддинзода раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар умури қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон гуфт, ин қонун шомили он теъдод аз шаҳрвандони хориҷӣ ва аъзои хонаводаҳои онон мешавад, ки дар қаламрави ин кишвар бидуни иҷозатнома зиндагӣ мекунанд ва мадорики ҳувиятӣ ҳам надоранд.

Дар сурати тасвиби ин қонун шаҳрвандони ғайримуҷоз дар Тоҷикистон аз муҷозот барои ҳузури ғайриқонунӣ дар ин кишвар муоф хоҳанд шуд.

Муддати эътибори Қонуни авфи шаҳрвандони хориҷии ғайримуҷоз аз сӯи Маҷлиси намояндагони ин кишвар таин хоҳад шуд.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар умури қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бо тасвиби ин қонун шаҳрвандони ғайри муҷози хориҷӣ ва аъзои хонаводаҳои онон метавонанд ба идораҳои полиси ин кишвар муроҷеа ва ба сурати қонунӣ дар қаламрави ин ҷумҳурӣ зиндагӣ кунанд.

Бар асоси қавонини феълии Тоҷикистон он идда аз шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави ин кишвар ғайри муҷоз ҳузур доранд, ба пардохти ҷаримаи молӣ ба маблағи 4 то 5 ҳазор сомонӣ ва ихроҷ маҳкум хоҳанд шуд.