Декабр 12, 2019 10:51 Asia/Dushanbe
  • Афви 20 ҳазор шаҳрванди ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи қонуни афви 20 ҳазор шаҳрванди ғайриқонунӣ ва хонаводаҳои ононро дар ин кишвар тасвиб кард.

Ба гузориши сомонаи “ТОП Тҷ”, Бахтовар Сафарзода, намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон гуфтааст, ки ин қонун фақат шомили атбоъе мешавад, ки дар қаламрави Шӯравии собиқ сукунат доштаанд.

Вай таъкид кардааст, ки ҳудуди 20 ҳазор нафар аз атбои кишварҳои Шӯравии собиқ, ки дар Тоҷикистон бидуни доштани мадорики ҳувиятӣ ва муҷаввиз зиндагӣ мекунанд, шомили қонуни ҷадиди афви умумӣ мешаванд.

Оқои Сафарзода гуфт, ин афрод метавонанд бо муроҷиа ба идороти полиси ин кишвар тайи се сол мадорики мавриди ниёзро дарёфт ва ба муддати 5 сол иқомат бигиранд.

Бахтовар Сафарзода, намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон изҳор дошт, пас аз 5 сол ин афрод метавонанд тобеияти Тоҷикистонро дарёфт кунанд.

Ҳамчунин Икром Умарзода, муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар нишасти Маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфт, 65 дарсад атбои ғайриқонунии ин ҷумҳурӣ занон ҳастанд.

Вай таъкид кардааст, ки ин қонун шомили атбои ғайримуҷоз, ки муттаҳам ба узвият дар гурӯҳҳои мамнуа ва муртакиби ҷиноятҳои мухталиф шуданд, намешавад.

 

Барчасп