Декабр 14, 2019 10:14 Asia/Dushanbe
  • Оғози баррасии иллати марги мушовири додситони ноҳияи Файзобод

Додситони кулӣ Тоҷикистон иллати марги мушовири додситони ноҳияи Файзободро баррасӣ мекунад.

Додситони кулли Тоҷикистон иллати марги Ризо Муҳаммадализода мушовири 41 солаи додситони ноҳияи Файзободро,ки ҷасади вай дар ҳавзи мавсум ба Ҷавонони шаҳри Душанбе кашф шудааст,баррасӣ мекунад.

Ба нақл аз сомонаи Тоб Ти Ҷи, ҳадаф аз баррасии додситони кули Тоҷикистон барои мушахас шудани иллати марг аст,зеро дар ҳоли ҳозир мушахас нест,ки вай ба марги табиӣ мурда ё даст ба худкушӣ задааст.

Гуфта мешавад,ки Ризо Муҳаммадализода аз 20 рӯзи пеш нопадид шуда буд,ки коркунони пулис бо кумаки ширкатҳои хадамоти телефон ва пайгирӣ аз тариқи алоими ирсолшуда аз телефони ҳамроҳ, мувафақ шуданд маҳалли ҷасади Ӯро пайдо кунанд.

Ғавосон ҳангоми берун овардани ҷасади Ализода як киса ки пур аз санг буд ба поҳои вай баста шуда будро мушоҳида карданд.

Мақомоти додситони кулли Тоҷикистон ҳамчунин аз нопадид шудани як зан,ки бо Ализода робитаи наздик доштааст, хабар доданд, бо ин ҳол ҳамсари Ализода аз додани тавзеҳ дар бораи марги шавҳараш худдорӣ кардааст.

Ин дуввумин бор аст,ки дар як ҳафтаи ахир ҷасадҳои мухталифе аз ҳавзҳои об берун оварда мешавад, чанд рӯз пеш ҳам ҷасади як сокини ноҳияи Конибодом дар вилояти Суғд аз дохили ҳавзи парвариши моҳӣ пайдо шуда буд.

 

Барчасп