Интишори нахустин акси хоҳари Бузургмеҳр Ёров пас аз бозгашт ба Тоҷикистон
Ҳуқуқдони тоҷик ва хоҳари Бузургмеҳр Ёров вакили зиндонии тоҷик пас аз бозгашт ба Тоҷикистон нахустин акс ва видеои худро ба ҳамроҳи модараш мунташир кард.
Ба нақл аз саҳифаи фейсбукии хонум Хосият Ёров, вай иллати бозгаштан ба Тоҷикистонро пас аз 3 сол иқомат дар Олмон парасторӣ аз модари маризаш ва тасвиби Қонуни авфи мухолифони давлатие, ки дар хориҷ ба сар мебаранд ҳамчунин талош барои озодии бародараш Бузургмеҳр Ёров вакили зиндонӣ эълом кардааст.
Ӯ ба ҳамроҳи шавҳар ва 6 фарзандаш бо кумаки Созмони Салиби Сурхи ҷаҳонӣ ва бо парвози ширкати ҳавопаймоии СомонЭйр аз Франкфорти Олмон ба Душанбе баргашт ва нахустин акс ва навори видеоиро ба ҳамроҳи модараш дар хонаи падарӣ мунташир кард.
Додгоҳи шаҳри Душанбе октябри соли 2016 Бузургмеҳр Ёровро бар асоси 5 модаи Қонуни асосӣ ба ҷурми даъвати умумӣ барои барандозии ҳукумат, барангехтани кина ва душманӣ, даъват ба ифротгароӣ ба 23 сол зиндон бо мусодираи мулк ва амволаш маҳкум кард.
Дар марти соли 2017 ба иттиҳоми таҳқири намояндагони додгоҳ ва додситонӣ ду сол ва дар августи ҳамон сол низ се соли дигар ба иттиҳоми таҳқири раиси ҷумҳур ба ҳабси Бузургмеҳр Ёров изофа шуд.
Вай дар соли 2015 ба далели таъсиси Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дастгир шуд.
Бар асоси Қонуни авфи умумӣ дар Тоҷикистон аз 28 сол ҳукми зиндони вай 6 сол кам шудааст.