Захмӣ шудани шаҳрвандони марзнишини Тоҷикистон бар асари тааррузи қирғизҳо
Ҳаддиақал 3 шаҳрванди Тоҷикистон дар хати марзӣ бо Қирғизистон бар асари тааррузи шаҳрвандони қирғиз захмӣ шуданд.
Ба гузориши мақомоти шаҳри Исфара, сооте пеш сокинони рустои қирғизнишини Куктош ба дунболи латӯби Умедҷон Сафаров, донишомӯзи мактаби рустои тоҷикнишини Сомониён ва ҳимояти ҳамрустоиёни Умедҷон аз ӯ, вориди даргирии густурда шуданд ва чанд нафарро маҷрӯҳ карданд.
Ҳамакнун 3 нафар аз тоҷикистониҳои осебдида ба номҳои Умедҷон Сафаров, Асрорхон Асадзода ва Содиқбой Набиев дар бемористон бистарӣ ҳастанд.
Ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин даргирии ҷадид дар хати марзӣ бо Қирғизистон тавзеҳе ироа накардаанд.
Тӯли куллии марзи давлатӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон 971 километрро ташкил медиҳад, ки 519 километр аз он ҳамчунон номушаххас аст ва беш аз 70 минтақаи мавриди ихтилоф вуҷуд дорад.