Тасвиби тавофуқномаи молӣ бо Бонки Рушди Исломӣ дар порлумони Тоҷикистон
Порлумони Тоҷикистон тавофуқномаи молӣ бо Бонки Тавсеа ё Рушди Исломиро тасвиб кард.
Ба гузориши “Форс”, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тавофуқномаи давлати ин кишвар ва Бонки Тавсеаи Исломӣ дар заминаи беҳдошт ва хадамоти беҳдоштӣ ба модар ва кӯдакро дар 4 минтақаи устони Хатлон тасвиб кард.
Ба гуфтаи Юсуф Маҷидӣ, муовини Вазорати дороии Тоҷикистон, санади мазкур дар моҳи августи соли ҷории мелодӣ аз сӯи 2 тараф ба имзо расид.
Ин тарҳи бозсозӣ ва таҷҳизи амокини беҳдоштӣ дар 4 минтақаи устони Хатлони Тоҷикистон, аз ҷумла навоҳии Балҷувон, Данғара, Муъминобод ва Норакро мадди назар дорад. Тибқи изҳороти Маҷидӣ, маблағи куллии ин проект 27 миллион доллар аст, ки 14.5 миллион доллар аз он ба унвони вом ва 8.5 миллион доллари дигар ба шакли кумаки билоиваз дар ихтиёри тарафи тоҷик қарор мегирад.
Замони бозпардохти воми Бонки Рушди Исломӣ 20 сол аст.
Саҳми давлати Тоҷикистон дар иҷрои ин тарҳ ҳудуди 3 миллион доллар аст. Замони иҷрои ин тарҳ солҳои 2019 -2025 пешбинӣ шудааст.