Сафари устондори Хуросони Разавӣ ба Тоҷикистон
Устондори Хуросони Разавӣ ба Тоҷикистон сафар кард.
Устондори Хуросони Разавӣ дар садри ҳайати иқтисодӣ, ба манзури ширкат дар ойини кушоиши намоишгоҳи ихтисосии Хуросони Разавӣ дар шаҳри Душанбе, ба Тоҷикистон сафар кард.
Ба гузориши ИРНА, Алиризо Разм Ҳусайнӣ, устондори Хуросони Разавӣ бо истиқболи расмии Заробуддин Файзуллоҳзода, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мудири кулли ташрифоти Вазорати хориҷаи Эрон вориди Фурудгоҳи шаҳри Душанбе шуд.
Устондори Хуросони Разавӣ дар ин сафар илова бар ширкат дар намоишгоҳи ихтисосии Хуросони Разавӣ дар шаҳри Душанбе бо бархе аз мақомоти кишвари Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.
Намоишгоҳи ихтисосии колои эронӣ бо меҳварияти Хуросони Разавӣ авохири озармоҳ ва ба муддати панҷ рӯз дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон барпо мешавад.
Тоҷикистон кишваре кӯҳистонӣ ва маҳсур дар хушкӣ аст, ки бо 9,5 миллион нафар ҷамъият ва 143 ҳазору 100 километри мураббаъ масоҳат дар Осиёи Марказӣ қарор дорад.
Ин кишвар бо Афғонистон аз ҷануб, Узбакистон аз ғарб, Қирғизистон аз шимол ва Чин аз шарқ марзи муштарак дорад.
Аз ҷумлаи муҳимтарин колоҳои содиротии Эрон ба Тоҷикистон ширинӣ, ранг, анвои писта, семент, оксиди алюминий, дору , тухми парандагон, бисквит ва ҳамчунин хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ аст.
Тоҷикистон чаҳорумин ҳадафи содиротии устони Хуросони Разавӣ баъд аз Афғонистон, Туркманистон ва Ироқ аст.
Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе 30 озар то 3 дай (21 то 24 декабр)- и имсол бо ҳузури 41 ширкати эронӣ баргузор хоҳад шуд.