Декабр 21, 2019 12:39 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди нахуствазири Тоҷикистон бар густариши ҳамкорӣ бо Эрон

Нахуствазири Тоҷикистон дар дидори устондори Хуросони Разавӣ, шимол шарқи Эрон,бар густариши ҳамкории дуҷониба таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар дидори Алиризо Разм Ҳусейнӣ устондори Хуросони Разавии Эрон дар Душанбе,бо ишора ба нақши муасири Эрон дар минтақа, тавсиъаи тиҷорати дуҷониба бо меҳвариати устони Хуросони Разавиро хостор шуд.

Расулзода ба имзои 160 тафоҳумнома байни Эрон ва Тоҷикистон низ ишора кард ва гуфт ; ширкатҳои эронии фаъол дар ҳавзаи об ва барқи Тоҷикистон бисёр тавонманд ҳастанд.

Нахуствазири Тоҷикистон бо эъломи омодагӣ барои фаъолияти ширкатҳои эронӣ дар ҳавзаҳои кишоварзӣ, санойеъи сабук ва маъдан, бар ҳали мавонеъ ва мушкилоти тавсиъаи тиҷорӣ,бозаргонӣ ва сармоягузорӣ байни ду кишвар таъкид кард.

Алиризо Разм Ҳусейнӣ, устондори Хуросони разавии Эрон ҳам дар ин дидор бо ишора ба зарфиятҳои густардаи ин устон дар ҷазби гардишгар, туризми дармонӣ, тавони илмӣ ва донишгоҳӣ омодагии Хуросони Разавиро барои мизбонӣ аз ҳамоиши бузурги тиҷорӣ, иқтисодӣ ва санъатии ду кишвар эълом кард.

Разм Ҳусейнӣ бо таъкид бар иродаи масулони Эрон ва Тоҷикистон барои густариши ҳамкории дуҷониба пешниҳод дод, ширкати муштараке байни ду кишвар эҷод шавад то заминаи ҳузури атбоъи Тоҷикистон дар Машҳад ( маркази устони Хуросони Разавӣ ) фароҳам шавад.

Барчасп