Декабр 23, 2019 09:41 Asia/Dushanbe
  • Нишасти интихоботии Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон баргузор шуд

Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон, ки дар Маҷлиси феълии намояндагони ин кишвар дорои 5 курсӣ мебошад, бо ҳадафи ироаи феҳрести довталабон барои ширкат дар интихоботи парлумонии аввали моҳи марти соли 2020 нишасте баргузор кард.

Ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, Рустам Латифов раиси Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон гуфтааст ин гуруҳи сиёсӣ пас аз интихоботи парлумонии соли 2015 бо ворид шудани 5 намояндааш ба Маҷлиси қонунгузории ин ҷумҳурӣ муваффақ ба таъсиси фроксион шуд.

Ба гуфтаи вай аз муҳимтарин фаолиятҳои аъзои Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон дар Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон метавон ба мушорикат дар таҳияи 21 тарҳи қонун аз ҷумла 8 қонуни муртабит бо бахши кишоварзии ин кишвар ба ҳамроҳи фроксиони Ҳизби халқии демократӣ ишора кард.

Вай таъкид кардааст, таи солҳои 2015 то 2020 беш аз 1 ҳазору 500 нафар аз сокинони Тоҷикистон ба узвияти Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон даромадаанд.

Раиси Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон теъдоди аъзои ин ҳизб дар ин кишварро 50 ҳазор нафар эълом кард. Дар ин нишаст Рустам Латифзода дубора ба симати раиси Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон интихоб шуд. Дар нишасти ҳизбии рӯйхатти номзадҳои ин гуруҳи сиёсӣ ба унвони довталаб барои ширкат дар интихоботи парлумонии аввали моҳи марти соли 2020 Тоҷикистон ба намояндагӣ аз Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон ба ҳавзаи воҳиди ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳавзаҳои интихобия мустақил таид ва муаррифӣ шуданд.

Интихоботи парлумонӣ, шуроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳияҳои Тоҷикистон ба таври ҳамзамон аввали моҳи марти соли 2020 баргузор хоҳад шуд.