Декабр 24, 2019 10:26 Asia/Dushanbe
  • Монеаҳои рушди вуруди гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон

Бо вуҷуди эъломи солҳои 2019 то 2021 ба унвони рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон се иқдоми ҳукумати ин кишвар дар ин бахш монеаҳои зиёде эҷод кардааст.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, дарёфти авориз аз гардишгарони хориҷӣ, илзомӣ шудани пардохти андоз барои ҳотелдорон ва моликони манзилҳои хусусӣ, ки аз гардишгарон пазироӣ мекунанд ва доштани иҷозатномаи молӣ, ки ин ашхос бояд ҳазинаи онро пардохт кунанд аз ҷумлаи ин монеаҳо ба ҳисоб меояд. Бар асоси қонуни тасвибшуда дар Тоҷикистон ҳар гардишгари хориҷӣ бояд маблағи 1 доллар барои ҳар шабонарӯз ҳузури хеш дар ин кишвар пардохт кунад.

Аз дидгоҳи коршиносон, замоне ки ҳадафи ҷазби гардишгари бештар ба Тоҷикистон аст дарёфти авориз аз онон қобили дарк нест. Ҳамчунин моликони манзилҳои хусусӣ дар минтақаҳое, ки фоқиди ҳотел аст ва аз гардишгарони хориҷӣ пазироӣ мекунанд бояд ҳар моҳ таи сол барои дарёфти иҷозатнома маблағи 80 сомонӣ падохт кунанд он ҳам дар шароите, ки ин манзилҳои маскунӣ танҳо дар 3 моҳи тобистон метавонанд гардишгарони хориҷиро ҷой диҳанд, аммо ночоранд барои боқии моҳҳои сол низ, ки гардишгар надоранд, 80 сомонӣ пардохт кунанд.

Севвум ин ки ахиран моликони ин манзилҳо ба пардохти андоз низ вазифадор шудаанд, ки бо дар назар гирифтани ҳазинаи об, барқу сӯзишворӣ дар минтақаҳои куҳистонӣ, ҳазинаҳо хеле боло хоҳад рафт. Дар ҳоле, ки гардишгарони хориҷӣ барои як шабонарӯз сукунат дар ин манзилҳо бо ду ваъда ғизо аз 10 доллар бештар пардохт намекунанд ва андоз бори сангинеро бар души моликони ин хонаҳо таҳмил мекунад.

Илова бар инҳо куҳистони Бадахшон ҷаззобтарин минтақа барои кардишгарони хориҷӣ ба ҳисоб меояд, аммо аз шаҳри Душанбе то Хоруғ маркази ин вилоят хатсайри ҳавопаймо вуҷуд надорад ва гардишгарон бояд бо худрав таи 14 соат аз роҳҳои тармимнашуда дар се даҳсолаи гузашта ба ин минтақа бирасанд.